Варзиш-Точикистон (SportTJ)

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА се зина поинтар рафт

Опубликовано sporttj на 12/17/2009

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар охирин рейтинги имсолаи ФИФА 3 мақом поин рафта, ҷои 165-умро ба худ касб кард. Тоҷикистон соли 2009-ро дар рейтинги ФИФА аз ҷойи 146-ум сар карда буд.
Аммо дар тӯли тамоми сол мунтахаби кишвар ягон бозии на расмӣ ва на дӯстона доир накарда, боре ҳам бозингарони мунтахаб дар тамрине ба ҳам наомадаанд.

Тоҷикистон ҳамакнун соли 2009-ро дар рейтинги ФИФА миёни мунтахабҳои Пуэрто-Рико ва Филиппин ба охир мебарад. Дар миёни мунтахабҳои собиқ Шӯравӣ ҳамоно Тоҷикистон аз ҳама поинтарин аст, дар миёни мунтахабҳои осиёӣ низ ду зина поин рафтааст.
Даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон дар рейтинги ФИФА:
• 1) Испания
• 2) Бразилия
• 3) Ҳолланд
• 4) Италия
• 5) Португалия
• 6) Олмон
• 7) Фаронса
• 8- Аргентина
• 9) Англия
• 10) Хорватия

Дар даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон комилан ҳеҷ тағйироте рух надодааст. Ҳама дар ҷойи қаблии худ.
Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА:
• 1) Австралия (21)
• 2) Ҷопон (43)
• 3) Кореяи Ҷанубӣ (52)
• 4) Баҳрайн (60)
• 5) Арабистони Саудӣ (63)
• 6) Эрон (64)
• 7) Узбакистон (76)
• 8 – Уммон (79)
• 9) Қатар (86)
• 10) Кореяи Шимолӣ (86)

Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойҳои худро кадоме пеш  ва кадоме қафо кардаанд. Аммо миёни худ ягона тағйирот ин аст, ки Эрон ҷои худро ба Арабистони Саудӣ додааст.

Тоҷикистон дар рейтинги осиёӣ поинтар аз Шри-Ланка, Непал, Малдив, Покистон, Тайвану Мянмар ва Ҳонконг ҷой гирифтааст. Кишварҳои осиёие, ки дар ин рейтинг поинтар аз Тоҷикистон қарор доранд инҳо мебошанд: – Филиппин, Муғулистон, Фаластин, Камбоҷа, Лаос, Гуам, Макао, Бруней, Афғонистон, Бутан ва Тимор-Леште.

Собиқ Шӯравиён дар рейтинги ФИФА:
• 12) Русия
• 22) Украина
• 45) Латвия
• 62) Литва
• 76) Узбакистон
• 80) Беларус
• 94) Молдова
• 100) Арманистон
• 102) Эстония
• 114) Озарбойҷон
• 124) Гурҷистон
• 125) Қазоқистон
• 141) Туркманистон
• 159) Қирғизистон
• 162) Тоҷикистон

Аз миёни мунтахабҳои собиқ Шӯравӣ касе боло ва касе поин рафтааст. Аммо ягона ҷойивазкунӣ миёни Гурҷистон ва Қазоқистон рух додааст.

Ҷойҳои охирин дар рейтинги ФИФА:
• 203) Сан-Марино
• 203) Ангила
• 203) Монтсеррат
• 203) Самоаи амрикоӣ
• 203) Папуа-Гвинеяи Нав

Беҳтарин нишондоди мунтахаби Тоҷикистон дар рейтингҳои ФИФА дар таърихаш ҷойи 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Бадтарин нишондоди Тоҷикистон ҷойи 180-ум дар боз ҳам июли 2003 мебошад. Беҳтарин болоравияш 27 мақом дар моҳи июни соли 1997 мебошад. Бадтарин уфташ – 18 мақом дар октябри соли 2006 мебошад.
Радиои Озоди

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

 
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.