Кадом даста қаҳрамони соли 2010 мешавад?
Опубликовано sporttj на 12/16/2009
Тобистони соли 2010 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ мусобиқоти ҷаҳонии футбол баргузор мешавад, ки дар он 32 дастаи пурқуввати дунё ширкат меварзанд. Дар зер шарҳи шореҳи моро оид ба имкони аз даври аввал баромадани дастаҳо дар гурӯҳҳояшон мутолиа кунед.
Гурӯҳи А:
ҶАҶ, Месика, Уругвай, Фаронса
- Ин гурӯҳи махсус аст, зеро соҳибони майдон бе бозӣ ба он дохил мешаванд. Онҳоро тамоми мамлакат мухлисӣ мекунад, ки ин нақши калонро мебозад. Ба хотир оред, Мусобиқоти соли 2002-ро, ки Корея дар майдони худ то ба нимфинал расид. Ин дафъа чӣ мешавад, пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо соҳибони майдон ба ёрие умед баста метавонанд – аққалан ба кӯмаки доварон.
Дар ин гурӯҳ фаворит Фаронса аст. Фаронсавиҳо ҳам ҳамон дастае нестанд, ки дар МҶ-2006 то ба финал расида буданд, аммо аз онҳо ҳам ҳамеша дурахшеро интизор шудан мумкин аст. Роҳхати дуюм шояд ба Мексика расад. Ин дастаи пурқуввату муташаккил аст, ки дар мусобиқаҳои калон ба асаби азимдастаҳо мерасад. Онҳо дар ҶАҶ барои ҷойи дуюм дар гурӯҳ мубориза хоҳанд бурд. Ба Уругвай боварӣ камтар аст, аммо дастае, ки дар Америкаи Ҷанубӣ ҷойи панҷумро гирифтааст, камқувват нест. Бисёр гуфтан чӣ лозим, гурӯҳи аҷоиб созмон ёфтааст.
Гурӯҳи В:
Аргентина, Нигерия, Кореяи Ҷанубӣ, Юнон
- Дар ин гурӯҳ фаворити асосӣ маълум аст – аргентинагиҳо. Дигарҳо муаммоянд. Нигерия, Кореяи Ҷанубӣ ва Юнон қариб, ки имкони якхелаи баромадан ба 1/8 финалро доранд. Юнониҳо дар соли 2004 қаҳрамони Аврупо шуданд, аммо бисёриҳо бовар доранд, ки ин ҳодисаи ногаҳонӣ буд ва дар ояндаи наздик онҳо имкони ба чунин муваффақият ноил шуданро надоранд.
Кореягиҳо бо нигоҳ доштани тартибот ба пеш мераванд, аммо бо чунин роҳ дур нахоҳанд рафт. Фақат дар сурати дар хона барпо кардани мусобиқа ягон имкон хоҳанд ёфт. Нигериҳо бошанд, метавонанд барои ҷойи дуюм дар гурӯҳ мубориза баранд. Рост, ки «суперуқобҳо» ҳоло он паррандаҳои баландпарвоз нестанд, ки пештар буданд. Лекин онҳо дар қитъаи худ бадвоҳима хоҳанд буд ва метавонанд, ки ягон дастаи фаворитро дар плей-офф хомталош кунанд.
Гурӯҳи С:
Англия, ИМА, Алҷазоир, Словения
- Боз як гурӯҳ бо фаворити мутлақ. Дар гумон аст, ки ягон даста садди роҳи ҷойи якумро гирифтани англисҳо шавад. Ҷойи дуюмро бо боварӣ ба америкоиҳо додан мумкин аст, зеро футбол дар ин мамлакат бо суръат инкишоф меёбад ва чиновникҳо ба варзиш аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҳоло дар ин қитъа футбол кам ба назар расад ҳам, аммо мусобиқаи гузаштаи ҷаҳониро дар ёд дорем, ки тими мунтахаби ИМА дар вохӯриҳои финалӣ бомуваффақият баромад кард. Футболбозонаш заҳматкаш ва қавииродаанд, ки то охирин лаҳза мубориза мебаранд. Аз онҳо «surprise» интизор шудан мумкин аст. Алҷазоир ва Словения низ мубориза хоҳанд бурд, аммо боварӣ ба комёбии онҳо кам аст. ИМА Русия ё Миср нест, ки худро ба шармандагӣ диҳад.
Гурӯҳи D:
Германия, Австралия, Сербия, Гана
- Саволи асосӣ дар ин гурӯҳ – кадом даста ҷойи дуюмро мегирад, аст. Тақдири ҷойи аввал ҳалшуда гӯем ҳам, хато намекунем ва бо боварӣ онро ба немисҳо медиҳем. Барои ҷойи дуюм «хунхӯрӣ» мешавад, ки Сербия бартарии бештар дорад, аммо ду дастаи дигарро сарфи назар кардан нашояд. Барои ганагиҳо осонтар аст, зеро дар наздикии хонаи худ бозӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ аз дастаҳои африқоӣ дар қитъаи худ ҳангомаро бояд интизор шуд. Кай боз чунин имконият ба даст меояд? Аммо агар маҳорати дастаҳоро ба инобат гирем, сербҳо бояд ҷойи дуюмро гиранд, ҳарчанд тими мунтахаби ҳозираи Германия аз дастаҳои пештара заифтар аст. Клозе ва Гомес на он қувваеанд, ки ба онҳо такя кардан имкон дорад. Рост, ки тартибот ва таҷрибаашон беҳамтост ва ин бартарии асосӣ мебошад.
Гурӯҳи Е:
Голландия, Дания, Ҷопон, Камерун
- Гурӯҳи мураккаб. Баъди гурӯҳи «G» пурқувваттарин ба ҳисоб меравад. Голландиҳо бешубҳа фаворит шуморида мешаванд, ки ин мувофиқи онҳост, зеро даста даври интихобиро бомуваффақият гузашт.
Метавон таваккал карда, Камерунро дар ҷойи дуюм гузошт, зеро боз як дастаи пурқуввати африқоист, ки дар минтақаи худ баромад мекунад. Маротибаи охир ҳамдастаҳои Это’О қариб буд, қаҳрамони минтақаи сиёҳпӯстҳо шаванд. Дания ҳам мисли Голландия вохӯриҳои интихобиро бобарор пушти сар кард. Даста футболи зебо нишон дода метавонад, аммо ба плей-офф баромаданаш дар гумон аст. Ҷопониҳо вақтҳои охир дар футбол пешравӣ доранд. Футболбозоне доранд, ки дар Аврупо бозӣ мекунанд. Дараҷаи маҳорати онҳоро ҳамин мусобиқа муайян мекунад, лекин аз 1/8 финал боло рафтани онҳо ҳоло барвақт аст.
Гурӯҳи F:
Италия, Парагвай, Зеландия Нав, Словения
- Барои фаворитро осон пешгӯӣ кардан гурӯҳи мувофиқ аст. Зинаи якум бе шакку шубҳа насиби итолёвиҳост. Ҷойи дуюм ба Парагвай. Ин даста дар минтақаи Америкаи Ҷанубӣ зинаи сеюмро касб кардааст ва аз бразилиягиҳо, ки ҷойи якумро гирифтанд, як хол камтар дорад. Ин нишондиҳандаи ҷиддӣ аст!
Чунин ба назар мерасад, ки дастаи Зеландияи Нав ба Афирқои Ҷанубӣ чун сайёҳ меравад, зеро вазифаи дарпешистодаро кайҳо бо сарбаландӣ пушти сар кард. Дар ин байн Словакия мемонад, ки ду маротиба бозиро бар Словения, ки Русияро аз финал маҳрум кард, бохтааст. Чунин ба назар мерасад, ки Италия ва Паргвай барои ба плей-офф баромадан имкони аъло доранд ва ду дастаи дигар ҳеҷ наметавонанд, ки садди роҳи ин дастаҳо шаванд.
Гурӯҳи G:
Бразилия, ҶХД Корея, Кот-д’Ивуар, Португалия
- Гурӯҳи аз ҳама пурқувват дар ин мусобиқа «Гурӯҳи марг» гуфтан мумкин аст, агар Кореяи Шимолӣ намебуд, аммо ба ҳар ҳол диққати мухлисон аслан ба ҳамин гурӯҳ нигаронида мешавад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки Бразилия дар ин гурӯҳ фаворит аст, аммо на ҳама вақт назари аввал дуруст мебарояд. Суперситора дар ҳайати ин даста ба ѓайр аз Кака дигар ба чашм намерасад. Худи Кака ҳам он бозингаре нест, ки се-чор сол пеш буд. Аз ин рӯ, бо Бразилия сар ба сар шудан мумкин аст. Се дастаи дигар кумирҳои худро доранд, ки метавонанд бо ёрии онҳо ба даври дигар гузаранд. Бурди асосии корегияҳо тартибот ва ноумед нашудан аст. Пуштибони португалиҳо Криштиану Роналду ба шумор меравад, ки аз вай ҳар вақт қаҳрамонӣ интизор шудан мумкин аст. Кот-д’Ивуар Дрогба дорад, ки ҳама корро дар майдон карда метавонад ва дар байни ҳамдастаҳояш зӯрҳо боз ҳастанд. Аз ин рӯ, мубориза, футболи зебо, комёбӣ, нокомӣ ва ҳатто ҷангу ҷанҷолро дар ҳамин гурӯҳ интизор шудан мумкин аст.
Гурӯҳи Н:
Испания, Швейтсария, Гондурас, Чили
- Вазъият дар ин гурӯҳ мисли гурӯҳи F аст – аз ҷойи аввал ба даври дигар испаниҳо мебароянд, аз ҷойи дуюм Чили, ки дар вохӯриҳои интихобии минтақаи Америкаи Ҷанубӣ бо ишѓоли зинаи дуюм ба ҶАҶ роҳхат гирифт. Гондурас мисли Зеландияи Нав метавонад, ки аз сайёҳи ин кишвар шуданаш хушҳолӣ кунаду мукофотпулии ба финал расиданро ба ҷайб зада, осуда шавад. Швейтсарияҳо бошанд, бояд ноумед нашаванд ва бо Чили барои ҷойи дуюм дастбагиребон шаванд, шояд натиҷае диҳад, аммо ба ин боварӣ кам аст.
Хафтаномаи “Точикистон”