Варзиш-Точикистон (SportTJ)

Фарҳод Восиев қимматтарин футболбози тоҷик

Опубликовано sporttj на 12/14/2009

Футбол ТочикистонСомонаи олмонӣ-«transfermarkt.de» арзиши бозингарони мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболро муайян кардааст.
Бино бар таҳлили коршиносони ин сомона, ки ба муайян кардани арзиши бозингарон дар бозори футбол машғул аст, гаронтарин бозигари мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев, капитани дастаи дубли «Сатурн»-и Раменско мебошад. Фарҳод имсол дар сабқати дублёрҳои Преймер-Лигаи Русия ҳамроҳ бо «Сатурн» нишонҳои биринҷиро соҳиб гардид. Дар бозии дастаи асосӣ дар Премйер-Лигаи Русия низ як бор баромад кард ва як гол низ зад. Сомонаи олмонӣ муҳофизи 19-солаи мунтахаби Тоҷикистонро 200.000 евро нарх кардааст.
Дар феҳристи бозингарони гаронтарини мунтахаби Тоҷикистон, бино бар фарзияи сомонаи олмонӣ, ҳуҷумкунанда дастаи «Вахш» Нӯъмонҷон Ҳакимов, беҳтарин бозингар ва беҳтарин голзани мавсими 2009 дар Тоҷикистон, капитани «Регар» ТадАЗ ва беҳтарин бозигари Ҷоми раиси КФО-2009 Хуршед Маҳмудов ва Зафарҷон Зубайдов аз «Энергетик» низ зикр шудаву, арзишашон 75.000 евро муайян шудааст.

Наим Носиров, ҳимоятгари «Регар» ТадАЗ 50.000 евро арзиш доштааст.

Футболдонон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки нархи воқеъии бозингарони тоҷик аз тахмини олмониҳо дида, камтар аст.

Феҳристи гаронтарин бозигарони мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи фарзияи transfermarkt.de:

1. Фарҳод ВОСИЕВ («Сатурн», Раменско), 19-сола, ҳимоятгар – 200.000 евро

2-4. Нӯъмонҷон ҲАКИМОВ («Вахш», Қурғонтеппа), 31-сола, ҳуҷумкунанда – 75.000 евро

2-4. Хуршед МАҲМУДОВ («Регар» ТадАЗ, Турсунзода), 27-сола, нимҳимоятгар – 75.000 евро

2-4. Зафарҷон ЗУБАЙДОВ («Энергетик», Душанбе), 31-сола, ҳимоятгар – 75.000 евро

5-6. Наим НОСИРОВ («Регар» ТадАЗ), 23-сола, ҳимоятгар – 50.000 евро

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

 
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.