Варзиш-Точикистон (SportTJ)

Тақвими бозиҳои «Вахш» дар Ҷоми ИДМ

Опубликовано sporttj на 12/29/2009

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар ҳаждаҳумин давраи Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик, ки аз 16-ум то 24-уми январи соли 2010 дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад, ба гурӯҳи «В» шомил аст. Ба ин гурӯҳ, инчунин, дастаҳои «Боку»-и Боку (Озарбойҷон), ХИК-и Хелсинки (Финландия) ва «Оқтеппа»-и Оқтеппа (Қазоқистон) дохиланд, хабар медиҳад Озодӣ.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «B»

16 –уми январ (шанбе)

Манежи «Динамо»: «Вахш» –«Боку» .13.00.

КВ «Олимпийский»: «Оқтеппа» – ХИК. 13.00.

17-уми январ (якшанбе)

Манежи «Динамо»: «Оқтеппа»–»Вахш».13.00.

КВ «Олимпийский»: «Боку» – ХИК. 13.00.

19 –уми январ (сешанбе)

Манежи «Динамо»: ХИК–»Вахш».13.00.

КВ «Олимпийский»: «Оқтеппа» – «Боку».13.00.

20-уми январ (чоршанбе)

КВ «Олимпийский. 1/4 финал.

Ғолиби гурӯҳи «Д» –ҷои 2-юми гурӯҳи «С». 13.00.

Ғолиби гурӯҳи «В» – ҷои 2-юми гурӯҳи «А». 15.00.

Ғолиби гурӯҳи «С» – ҷои 2-юми гурӯҳи «Д». 17.00.

Ғолиби гурӯҳи «А» – ҷои 2-юми гурӯҳи «В». 19.00.

22-юми январ (ҷумъа)

КВ «Олимпийский» Бозии аввали нимфиналӣ.16.00.

Бозии дуюми нимфиналӣ.19.00.

24 -уми январ (якшанбе)

КВ «Олимпийский» ФИНАЛ. 15.00.

Рубрика: Футбол | Отмечено: , , , | Оставьте комментарий »

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА се зина поинтар рафт

Опубликовано sporttj на 12/17/2009

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар охирин рейтинги имсолаи ФИФА 3 мақом поин рафта, ҷои 165-умро ба худ касб кард. Тоҷикистон соли 2009-ро дар рейтинги ФИФА аз ҷойи 146-ум сар карда буд.
Аммо дар тӯли тамоми сол мунтахаби кишвар ягон бозии на расмӣ ва на дӯстона доир накарда, боре ҳам бозингарони мунтахаб дар тамрине ба ҳам наомадаанд. Читать далее…

Рубрика: Рейтинг | Отмечено: , , , , | Оставьте комментарий »

Кадом даста қаҳрамони соли 2010 мешавад?

Опубликовано sporttj на 12/16/2009

Тобистони соли 2010 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ мусобиқоти ҷаҳонии футбол баргузор мешавад, ки дар он 32 дастаи пурқуввати дунё ширкат меварзанд. Дар зер шарҳи шореҳи моро оид ба имкони аз даври аввал баромадани дастаҳо дар гурӯҳҳояшон мутолиа кунед. Читать далее…

Рубрика: Ҷаҳон | Отмечено: , , , | Оставьте комментарий »

Фарҳод Восиев қимматтарин футболбози тоҷик

Опубликовано sporttj на 12/14/2009

Футбол ТочикистонСомонаи олмонӣ-«transfermarkt.de» арзиши бозингарони мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболро муайян кардааст.
Бино бар таҳлили коршиносони ин сомона, ки ба муайян кардани арзиши бозингарон дар бозори футбол машғул аст, гаронтарин бозигари мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев, капитани дастаи дубли «Сатурн»-и Раменско мебошад. Фарҳод имсол дар сабқати дублёрҳои Преймер-Лигаи Русия ҳамроҳ бо «Сатурн» нишонҳои биринҷиро соҳиб гардид. Дар бозии дастаи асосӣ дар Премйер-Лигаи Русия низ як бор баромад кард ва як гол низ зад. Сомонаи олмонӣ муҳофизи 19-солаи мунтахаби Тоҷикистонро 200.000 евро нарх кардааст. Читать далее…

Рубрика: Тоҷикистон | Отмечено: , , , | Оставьте комментарий »

 
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.